лозим

лозим
[لازم]
а
1. зарур, даркор, боистанӣ; лозим будан зарур будан, даркор будан; зарурат ба миён омадан (ба коре ё ба касе); лозим донистан зарур шумурдан; лозим омадан зарур шудан, даркор шудан; зарурат ба миён омадан, эҳтиёҷ пайдо шудан; лозим шудан даркор шудан; эҳтиёҷ пайдо шудан; лозим аст, ки… зарур аст, ки…; ногузир аст, ки…; бояд, ки…; лозим нест даркор нест; зарурат надорад, эҳтиёҷ нест; шитоб лозим нест саросема шудан даркор нест, шитоб набояд кард
2. зарурӣ, воҷиб, муқтазӣ; иқдоми лозим амалӣ намоянд (ё мабзул фармоянд) чораи лозима бинанд
◊ феъли лозим кҳн., грам. феъли монда

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем решить контрольную работу

Смотреть что такое "лозим" в других словарях:

  • лозимӣ — [لازمي] 1. даркорӣ, зарурӣ 2. поҷома, эзор …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • зарур — [ضرور] а. лозим, даркор, воҷиб: зарур будан, зарур донистан, зарур шумурдан, зарур ҳисоб кардан; кори зарур кори муҳим, кори карданаш лозим; зарур афтодан лозим шудан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • кор — I [کار] 1. асоси замони ҳозира аз коштан, киштан ва коридан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маъноҳои коранда ва кишткунанда: ғаллакор, пахтакор, риёкор, хилофкор… II [کار] 1. амалиёти табдил ёфтани як шакли энергия ба шакли дигар, амал 2.… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қадр — [قدر] а 1. андоза, миқдор, андоза ва миқдори ҳар чизе; қадре а) миқдоре, андозае, як андоза; андаке, каме; муқ. як қадар: қадре васеътар, қадре дуртар, қадре калонтар, қадре саросема шуда, қадре ба ғазаб омада, қадре қувват гирифтан, қадре… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • шарт — [شرط] а 1. қарор, паймон, аҳд, қавлу қарор: шарт бастан қавлу қарор кардан 2. лозим шумурдан ва алоқаманд гардидани чизе ба чизе; шарт будан лозим будан, зарур дониста шудан; шарт мондан иҷрои қарору аҳди худро пеш гузоштан …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бадардхӯрд — [بدردخورد] лозим, зарур …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • беминнат — [بي منّت] бидуни миннат, аз ғайри миннатгузорӣ; дастёри беминнат мададгоре, ки хизматашро ба рӯ намеорад, он ки барои ёриаш миннатдорӣ наметалабад; обу нони беминнат ғизои бо меҳнати ҳалолу бевоситаи худ бадастомада, ки ба ивазаш ба касе… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бигузор — [بگذار] 1. феъли фармоиш аз (би)гузоштан 2. ҳиссачаи модалӣ иродавӣ мон, мон, ки…, ҳамин тавр бояд шавад, ҳамин тавр шуданаш лозим …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • боист — [بايست] лозим, зарур, воҷиб; бояд …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • боиста — [بايسته] лозим, зарурӣ, сазовор, шоиста, муносиб …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»